Август 23, 2018 09:53 Asia/Dushanbe
  • Мухолифат бо лағви иҷозатномаи

Сухангуи Бонки рушд ва бозсозии Аврупо дар кишварҳои Аврупои шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ бо лағви иҷозатномаи фаъолияти "Агроинвестбонк"- Тоҷикистон мухолифат кардааст.  

Ба нақл аз Toptj, Антон Осав гуфтааст, Бонки рушд ва бозсозии Аврупо бо таҷдиди сохтор ва мушаххас кардани авзои молии "Агроинвестбонк" мувофиқ, вале бо лағви иҷозатномаи ин ниҳоди моли мухолиф аст.  

Вай таъкид кардааст, дар ҳоли ҳозир 12 дарсад аз саҳҳоми "Агроинвестбонк" аз сӯи Бонки рушд ва бозсозии Аврупо харидорӣ шуда ва ин ниҳоди молии аврупоӣ мунтазири тасмими Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи сарнавишти ояндаи "Агроинвестбонк" аст.