Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Ашқобод сафар мекунад
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба даъвати ҳамтои туркмани худ ба манзури ширкат дар иҷлоси Шӯрои сарони кишварҳои муассиси Сандуқи байналмилалии наҷоти дарёи Арал, ба Туркманистон меравад.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24-уми август ба даъвати Қурбонгули Бердимуҳаммадов озими Ашқобод мешавад.
Дастури кори нишасти ояндаи Сандуқи байналмилалии наҷоти дарёи Арал, шомили масоили муҳимми ҳамкории кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, дар заминаи беҳбуди вазъияти зист муҳитии дарёи мазкур дар шароити тағйири иқлим дар саросари ҷаҳон аст.
Интизор меравад, ки дар поёни ин иҷлос баёнияи муштараки Шӯрои сарони кишварҳои узви ин сандуқ, тасвиб шавад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ҳошияи ин нишаст, чандин мулоқоти дуҷониба анҷом хоҳад дод.
Сандуқи байналмилалии наҷоти дарёи Арал, дар соли 1993 аз сӯи сарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ аз ҷумла Узбакистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон эҷод шудааст.
Дар ҷараёни нахустин нишасти Сандуқи байналмилалии наҷоти дарёи Арал ( 1993), тавофуқномае дар заминаи иқдомоти муштарак барои расидагӣ ба мушкилоти дарёи Арал, беҳбуди муҳити зист ва тазмини тавсеаи иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақаи Арал ба имзо расид.