Август 24, 2018 20:13 Asia/Dushanbe
  • Иҷлоси Шӯрои молиётии ИДМ дар Душанбе

Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода ҷаласаи 25-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Ба навиштаи сомонаи хабаргузории Ховар, дар ин иҷлос мақомоти сохторҳои молиётии 8 кишвари узви Ҷомеаи ҳамсуд ба шумули Тоҷикистон, Русия, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Беларус ва ҷумҳурии Озарбойҷон ширкат карданд.

Ширкаткунандагон дар ин ҷаласа асосан масъалаи маъмурикунонии андоз дар давраи иқтисоди рақамиро баррасӣ ва ҳолати иҷрои нақша-чорабиниҳои дар ҷаласаи қаблӣ –соли 2017 қабулгардидаро муҳокима карданд.

Масъалаҳои дигари мубрами соҳа, ба монанди ҳамкорӣ ва ёрии мутақобилаи мақомоти андоз оид ба риояи қонунгузории соҳавӣ, табодули маълумот барои пешгирӣ намудани қонунвайронкунии андоз, ҷустуҷӯ ва пайдо намудани роҳҳои самараноки фаолияти мақомоти андоз дар идомаи ҷаласа мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуданд.

Бояд гуфт, ки дар ҷаласа Нақшаи чорабиниҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ барои соли 2018-2019 қабул карда шуд, ки таъмини иҷрои он ҳамкории мақомоти андозро беҳтар мегардонад.

Иштирокдорон қарор қабул намуданд, ки тибқи он, ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2019 дар Федератсияи Россия баргузор мегардад.