Омодагии Ҳукумати Тоҷикистон барои озодии зиндониёни сиёсӣ
(last modified Sat, 25 Aug 2018 04:26:43 GMT )
Август 25, 2018 09:26 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Ҳукумати Тоҷикистон барои озодии зиндониёни сиёсӣ

Мақомоти қазоии Тоҷикистон барои афв кардани беш аз 182 зиндонии сиёсӣ дар ин кишвар дар рӯзи Қонуни Асосии Тоҷикистон (5 ноябр) омода мешаванд.

Ба гузориши хабаргузории “Ахбор”, манобеи ҳукуматӣ дар Тоҷикистон эълом кардаанд, афроде ҳамчун Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини Ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ, Зайд Саидов, фаъоли бахши хусусӣ, Мақсуд Иброҳимов, узви Гурӯҳи  - 24 ва Абдумалик Саломов, ҷарроҳи қалб шомили ин феҳрист хоҳанд буд.

Ин хабаргузорӣ муддаӣ шудааст, як манбаъ аз созмони зиндонҳои Тоҷикистон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфтааст, дар феҳристи номҳои афроди ироашуда барои таъйиди ниҳоии мақомоти додгустарӣ, афви теъдоде аз аъзо ва фаъолони Ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ ва Гурӯҳи - 24 мадди назар аст.

Дар асл комиссияи вижае, ки вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аст, аз ихтиёри ироаи феҳристи зиндониёне, ки бояд мавриди афв қарор гиранд, бархурдор аст ва фармони озодии ин афродро раиси ҷумҳурии Тоҷикистон имзо мекунад.

Албатта, ҷузъиёти ин тарҳ ҳанӯз мушаххас нест ва коршиносон муътақиданд, фишори созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башари байналмилалӣ боис шудааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар сиёсати бархурд бо мухолифони худ таҷдиди назар кунад.

Онон озодии Хайруллоҳ Мирсаидов, масъули бошгоҳи ҳозирҷавобон (КВН - Тоҷикистон) – и Тоҷикистон дар рӯзи 22 – юми август ва Шуҳрат Қудратов, вакили мудофеъ дар рӯзи 24 – уми августи соли ҷорӣ аз зиндонро натиҷаи фишорҳои байналмилалӣ ва нармиши мақомоти қазоии ин кишвар унвон мекунанд.