Август 25, 2018 10:28 Asia/Dushanbe
  •  Гирифтор шудани 30 гардишгари хориҷӣ дар кӯҳҳои Тоҷикистон

Сӣ гардишгари хориҷӣ, аз ҷумла теъдоде аз шаҳрвандони Русия, ки дар кӯҳҳои Тоҷикистон кӯҳнавардӣ мекарданд, тайи 12 рӯзи ахир дар урдугоҳе дар баландии чаҳор ҳазор метр гирифтор шудаанд.

Ба гузориши “Спутник”, мушкили ин гардишгарон на вазъи номусоиди ҳаво, балки ирсоли болгард ба урдугоҳ аст, ки ширкати хадамоти гардишгарӣ натавонистааст ин мавзӯро ҳамоҳанг кунад.

Акнун маводи ғизоии ин кӯҳнавардон ба итмом расида ва иддае низ бемор шудаанд.

Дар пайи вахим шудани вазъи ҷисмонии ин гардишгарон, ширкати хадамоти гардишгарӣ тасмим гирифтааст барои интиқоли ин афрод аз урдугоҳ, имрӯз (25 – уми август) чархбол фиристад.  

Ин гардишгарон пас аз баромадан ба қуллаи Исмоили Сомонӣ (баландии ҳафт ҳазору 495 метр), акнун 12 рӯз аст, ки дар урдугоҳ мунтазири интиқол ба ноҳияи Лахш ҳастанд.

Ин дар ҳолест, ки бар асари бархурди як болгарди МИ- 8 –и Горди миллии Тоҷикистон, ҳомили 15 кӯҳнавард дар кӯҳҳои Бадахшон дар рӯзи 12 – уми августи соли ҷорӣ, се кӯҳнаварди рус ва ду халабони тоҷик ҷони худро аз даст доданд.

Ширкатҳои гардишгарии Тоҷикистон барои интиқоли кӯҳнавардон бо Горди миллӣ, Вазорати дифоъ, Нерӯи марзбонӣ ва ширкати “Тоҷик Эйр” қарордод доранд ва бо пардохти ҳазинаи парвоз, аз болгардҳои ин ниҳодҳо истифода мекунанд.