Август 25, 2018 11:23 Asia/Dushanbe
  • Дархости сохти синфхона барои кудакони ношунавои Хоруғ

Мудири маркази рушди забони ишора ва таълими ношунавоёни Тоҷикистон аз Вазорти маориф ва илми ин кишвар хостааст як синфхона барои кудакони ношунавои шаҳри Хоруғ бисозад.

Ба нақл аз Ховар, Саттор Қудратов мудири маркази рушди забони ишора ва таълими ношунавоёни Тоҷикистон таъкид кардааст дар ҳоли ҳозир дар Хоруғ барои кудакони ношунаво синф вуҷуд надорад.

Ба гуфтаи вай, омӯзгорон ба дархости волидон ҳафтае як маротиба ба сурати хусусӣ дар манзил барои кудакон таълим медиҳанд.

Қудратов бо таъкид бар зарурати таълими ибтидоӣ барои кудакони ношунаво гуфтааст замоне, ки ин кудакон бузург шаванд омӯзиши забони ишора барояшон душвор хоҳад буд ва дар муошират ва иртибот барқарор кардан  дармемонанд.

 Забони ишораи тоҷикӣ, русӣ ва амрикоӣ мушобеҳи ҳам ҳастанд ва ношунавоёни ин кишварҳо метавонанд бо донистани ин забони ишора бо ҳам иртибот барқарор кунанд.