Август 26, 2018 09:26 Asia/Dushanbe
  • Оғози омӯзиши сохти ду неругоҳи барқи обӣ дар Тоҷикистон

Ҳайте аз коршиносони Узбакистон барои баррасии тарҳи сохти ду неругоҳи барқи обӣ бар рӯи рӯдхонаи Зарафшон дар шимоли Тоҷикистон, вориди Душанбе шудаанд.

Ба гузориши News-Asia.ru, дар сафари ҳайти иқтисодӣ ва тиҷории Узбакистон ба раёсати вазири иқтисоди ин кишвар ба Душанбе, коршиносони бахши энержии ду кишувар тарҳи сохти ду нерӯгоҳи ҷадиди барқи обӣ дар шимоли Тоҷикистонро баррасӣ хоҳанд кард.

Ин коршиносон бо сафар ба маҳалли сохти ин ду нерӯгоҳ дар рӯди Зарафшон бо ҳамтоёни тоҷики хеш бар сари замони оғози кор ва мушорикати молӣ ва фаннии дутараф дар ин ду тарҳ, баҳсу табодули назар хоҳанд кард. Мавзӯи тасмими Узбакистон барои сармоягузории муштарак дар тарҳи сохти ду неругоҳи ҷадиди барқи обӣ дар шимоли Тоҷикистон бо зарфияти тавлиди 320 мегаватт/барқ дар солро Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон дар нишасти муштараки хабарӣ бо Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои тоҷики худ дар Тошканд, рӯзи 17 августи соли ҷорӣ эълом карда буд. Вай гуфт, зарфияти тавлиди барқ дар ин ду нерӯгоҳ 320 мегаватт хоҳад буд, ки ҳам заминаи тавлиди барқ ва ҳам захирасозии оби рӯдхонаи Зарфшонро, ки барои бахши кишоварзии вилоятҳои Самарқанд ва Бухорои Узбакистон бисёр муҳим аст, фароҳам хоҳад кард.

Коршиносон мегӯянд, манзури Мирзёев тарҳи сохти ду нерӯгоҳи барқӣ обии ҷадид дар ноҳияҳои кӯҳистони Мастчоҳ ва Айнӣ аст, ки давлати қаблии Узбакистон бо он, ба шиддат мухолифат мекард ва ин мавзеи ҳукумати вақти Тошканд мӯҷиби инсирофи ширкатҳои Чин ва Ҳиндӯстон аз сохти ин ду неругоҳ шудааст.