Август 27, 2018 10:12 Asia/Dushanbe
  • Талош барои афзоиши тавлиди ангиштсанг дар Тоҷикистон

Вазорати саноат ва фанновариҳои ҷадиди Тоҷикистон эълом кард, ки тавлиди ангиштсанг дар ин кишвар, дар поёни моҳи августи имсол аз 988 ҳазор тон фаротар рафтааст.

Ба гузориши сомонаи Вазорати саноат ва фанновариҳои Тоҷикистон, ин мизон тавлиди ангиштсанг дар ҳашт моҳи имсол дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 67 ҳазор тон афзоиш нишон медиҳад.

Дар соли 2017 дар Тоҷикистон тавлиди ангиштсанг ба як миллиону ва 760 ҳазор тон расид, ки дар таърихи муосири Тоҷикистон рекорд маҳсуб мешавад.

Дар Тоҷикистон дар соли 1991 яъне замони истиқлоли ин кишвар 313 ҳазор тон ангиштсанг тавлид шудааст, ки акнун ин шохис афзоиши шаш баробариро нишон медиҳад.

Афзоиши тавлиди ангиштсанг дар Тоҷикистон тайи солҳои ахир мӯҷиб шуд, ки ин кишвар бо истифода аз ин навъ сӯхт дар тавлиди семент низ ба худкифоӣ бирасад, зеро аксар аз корхонаҳои ҷадиди тавлиди семент дар Тоҷикистон аз ангиштсанг ба унвони сӯхти аслӣ, истифода мекунанд.

Тоҷикистон дар соли 2013 ба мизони 79 ҳазор тон семент ворид карда буд, аммо дар соли 2017 худ ба содиркунандаи семент ба Афғонистон, Узбакистон ва Қирғизистон табдил шуд.

Афзоиши тавлиди семент низ сабаб шуд, нархи ҳар тон семент аз ҳазору 500 сомонӣ ба 700 сомонӣ коҳиш ёбад.

Ба далели набуди гази табиӣ дар Тоҷикистон, акнун беш аз 200 корхона ва маркази тавлидӣ дар ин кишвар, аз ангиштсанг ба унвони сӯхти аслӣ истифода мекунанд.