Консули эронитабор ва ифтихории Тоҷикистон: Консули соли 2017-и Олмон
(last modified Mon, 27 Aug 2018 06:26:52 GMT )
Август 27, 2018 11:26 Asia/Dushanbe
  • Консули эронитабор ва ифтихории Тоҷикистон: Консули соли 2017-и Олмон

Як шаҳрванди эронитабори Олмон, ки консули ифтихории Тоҷикистон аст ба унвони консули соли Олмон, интихоб шуд.

Ба гузориши хабаргузории Ховар, ин унвон дар пайи арзёбии иқдомоти фарҳангӣ ва инсондӯстонаи доктор Курӯши Пуркиён, ба ӯ эъто шуд.

Ба ҳамин манзур маросиме дар сафорати Тоҷикистон дар Олмон баргузор шуд, ки дар он Маликшоҳ Неъматов, сафири Тоҷикистон дар ин кишвар аз талошҳо ва ибтикороти доктор Пуркиён барои муаррифии шоистаи дастовардҳои Тоҷикистон дар ҷомеаи Олмон ва Аврупо қадрдонӣ кард.

Доктор Курӯши Пуркиён низ дар ин маросим зимни изҳори сипос аз қадрдонии сафорати Тоҷикистон, мардуми ин кишварро “аз қадимулаём меҳмоннавоз” хонд ва гуфт, ифтихор мекунад, ки дар муаррифии таърих, фарҳанг ва ҷозибаҳои гардишгарии Тоҷикистон ба доираҳои гуногуни кишвари Олмон саҳм дорад.

Шӯрои машваратии маҷаллаи олмонии “Diplomatisches Magazin”, ки амалкарди дипломатҳои хориҷиро ҳамасола мавриди арзёбӣ қарор медиҳад, пас аз натиҷагирӣ аз кори яксолаи 300 намояндаи фаъоли идораҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сафоратхонаҳои хориҷӣ дар соли 2017, Курӯши Пуркиёнро «Консули сол» эълом кард.

Доктор Пуркиён аз соли 2013 консули ифтихории Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Доктор Курӯши Пуркиён, ки раёсати ширкати сармоягузорони “Бадр-Линк”-и Олмонро бар ӯҳда дорад барои тарвиҷи саноати ғизои "ҳалол" дар кишварҳои мухталиф бавижа Ҷумҳурии Исломии Эрон барномаҳоеро амалӣ кардааст.