Август 28, 2018 12:21 Asia/Dushanbe
  • Имрӯз; барқкушӣ дар Душанбе

Имрӯз дар бархе аз кучаҳои пойтахт барқ қатъ хоҳад шуд.

Ба нақл аз Спутник, би иллати таъмири системи интиқоли барқ, имрӯз 28 август аз соати 9:00 то 16:00 дар бархе аз кучаҳои шаҳри Душанбе барқ хомуш карда хоҳад шуд.

Бино бар иттилоъи ширкати "Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе" барқи кучаҳои Лермонтов, Ҳувайдулло Назаров, Карамов, Куприна, Охунбобоев, Лунагорский, Варзоби поён (ноҳияи Исмоили Сомонӣ), қисме аз кӯчаи Айнӣ (н.Шоҳмансур), қисме аз кӯчаи Южная — Обходная (н. Фирдавсӣ), қисман маҳаллаи Испечак — 1, маҳаллаи Ҳамадонӣ (н.Сино) хомуш карда мешавад.

Ба гуфтаи манбеъ замони васл шудани дубораи барқ дар бархе мавридҳо ба ҳаҷми корҳои теъмирӣ ва профилактикӣ вобастааст ва имкон дорад ҷараёни барқ пеш аз муҳлати гуфташуда барқарор шавад.