“На” ба симкорти 250 сомони!
Август 29, 2018 14:52 Asia/Dushanbe
Дар сомонаи “Сhange.org” ҷамъоварии имзоҳо зери муроҷиатномаи дастаҷамъӣ ба Ҳукумат ва Парлумони Тоҷикистон, бо дархости барканор кардани Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз мақомаш идома дорад.
То кунун зери ин муроҷиатнома беш аз 200 нафар имзо кардаанд.
Гурӯҳи дигаре ҳам аз умум даъват кардаанд, ки рӯзи 31 – уми август ширкатҳои мобилии Тоҷикистонро бойкот карда, ба нишони эътироз дар ин рӯз аз телефон ва интернет истифода накунанд ва ба ҳисобашон пул нагузаронанд.