31 август оғози бозгашти ҳоҷиёни тоҷик аз Арабистон
Гурӯҳи аввалини ҳоҷиёни Тоҷикистон, ки маросими ҳаҷро адо карданд, рӯзи 31 август ба ватан бармегарданд.
Ба нақл аз Форс, Кумитаи дин эълон кардааст, ки то 14 сентябр ҳамаи зойирини тоҷик ба ватан бармегарданд.
Аввалин гурӯҳи ҳоҷиён, рӯзи 31 август аз Арабистони Саудӣ ба шаҳр Хуҷанд парвоз хоҳанд кард. Шаҳри Душанбе аввалин гурӯҳи ҳоҷиёнро рӯзи 2 сентябр қабул хоҳад кард.
То ҳол дар раванди бозгашти ҳоҷиёни ба Тоҷикистон ҳеҷ мушкилие пеш намомадааст ва қарор аст, то 14 сентябр ҳамаи ҳоҷиён ба ватан баргарданд.
Ҳоҷиён аз Арабистони Саудӣ тариқи ширкатҳои "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" ба Тоҷикистон баргардонида мешаванд.
Имсол наздики 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳаҷ карданд. Арзиши адои маросими ҳаҷ барои шаҳрвандони Тоҷикистон 33 ҳазору 410 сомониро ташкил дод.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта барои адои ҳаҷ беш аз 6,5 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ сафар карданд.