Фурӯши симкортҳои 250 сомонӣ мамнӯъ шуд
Дар пайи афзоиши эътирозҳо ба 50 баробар шудани еархи симкорт дар Тоҷикистон ба дастури раисиҷумҳури ин кишвар, фурӯши симкорт ба нархи ҷадид то аввали январи 2019 мамнӯъ шуд.
Ба гузориши Азия Плюс, сухангӯи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон эълом кардааст, ки пас аз ҷаласаи имрӯз (панҷшанбе)-и ҳайати давлат, Эмомалӣ Раҳмон ба тамомии вазоратҳо ва идораҳо дастур додааст, ки то аввали январи соли 2019, фурӯши симкортҳои 250 сомонӣ мамнӯъ мебошад.
Бар асоси ин гузориш, фурӯши симкорти телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон то чаҳор моҳи дигар ба нархи қаблӣ идома хоҳад ёфт.
Иқдоми Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба афзоиши ҳазинаи фурӯш ҳар як адад симкорт аз 5 ба 250 сомонӣ бо эътирози шадиди мардум рӯ ба рӯ шуд ва ҷамъе аз онон бо навиштани нома ба раисиҷумҳур ва роҳандозии ҷумбиш (кмаърака)-и «на ба симкорти 250 сомонӣ», хостор барканории Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз мақомаш шуданд.
Аз сӯи дигар, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон эълом карда буд, ки аз рӯзи аввали сентябр, хариди симкорти ҷадид ва ё вогузарии симкорт ба афроди дигар низ 250 сомонӣ хоҳад буд.
Ҳамчунин таъкид мешуд, ки дар сурати истифода аз симкорти ашхоси дигар, барои мутахаллифон ҷаримаҳо ба мизони то 12 ҳазор сомонӣ ва се сол зиндон эъмол мешавад.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон мӯътақиданд, афзоиши нархи фурӯши симкорти телефони ҳамроҳ, метавонад аз таъвези сареи он ва истифодаи террористҳо аз чанд симкорт, ҷилавгирӣ кунад.