Сентябр 01, 2018 10:24 Asia/Dushanbe
  • Омӯзгорони рус вориди Душанбе шуданд

Маросими истиқбол аз омӯзгорони рус шаби гузашта дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе бо ҳузури намояндагони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва ҳамчунин намояндагони Сафорати Русия дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Ба навиштаи сомонаи “Ховар”, бар асоси тавофуқномаи байни ду давлати Русия ва Тоҷикистон, Русия 26 омӯзгор дар риштаҳои мухталифро барои соли таҳсилии 2018 - 2019 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристод.

Соли таҳсилии 2017-2018 низ 29 омӯзгор аз ин кишвар ба Тоҷикистон омада буданд, ки аз ин теъдод 8 нафар ба Русия баргаштанд, аммо 21 нафари дигар тамдиди қарордод карданд.

Дар соли таҳсилии ҷадид 51 омӯзгори рус дар мактабҳои Тоҷикистон ба донишомӯзон дарс хоҳанд дод.

Ба иттилои масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорони рус ба мактабҳои манотиқи мухталиф бо дархости онҳо эъзом хоҳанд шуд.

Ба навиштаи манбаъ, бино ба иттилои расмии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, дар соли таҳсилии 2017 - 2018 дар мактабҳои Тоҷикистон 8 ҳазору 536 нафар омӯзгор дар риштаи забони русӣ тадрис мекарданд, ки аз ин теъдод 7 ҳазору 193 нафарашон омӯзгори мутахассис будаанд.

Дар феврали соли 2017 дар музокироти Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Душанбе барои мавзӯи эъзоми омӯзгор ба Тоҷикистон тавофуқ шуд ва дар августи соли гузашта нахустин гурӯҳи 29 нафараи омӯзгорон ба Душанбе омаданд.

Имрӯз, аввали сентябр Рӯзи дониш ва оғози соли таҳсилӣ дар Тоҷикистон аст.