Сентябр 02, 2018 09:08 Asia/Dushanbe
  • Абӯбакр Азизхоҷаев аз зиндон озод шуд

Як фаъоли зиндонии бахши хусусии Тоҷикистон, ки дар соли 2016 ба иттиҳоми барангехтан кина, адовати миллӣ ва мазҳабӣ ба 2.5 сол зиндон маҳкум шуда буд, рӯзи аввали моҳи сентябр озод гардид.

Ба гузориши сойти Ахбор, Абӯбакр Азизхоҷаев дар соли 2015 пас аз навиштани шикоят ба раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди ғасби маркази тавлидиаш боздошт ва як сол баъд ба иттиҳоми барангехтани кина ва адовати миллӣ ва мазҳабӣ ба 2.5 сол зиндон маҳкум шуд, дар поёни давраи маҳкумияти худ озод гардид.

Ин дар ҳоле аст, ки созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башарӣ маҳкумияти ин фаъоли бахши хусусии Тоҷикистонро, сиёсӣ унвон ва хостори озодии вай шуда буданд. Мақомоти интизомии Тоҷикистон чандмуддат, Абӯбакр Азизхоҷаевро дар беморхонаи бемориҳои рӯҳии шаҳраки Кӯктоши ноҳияи Рӯдакӣ бистарӣ карда буданд. Вай дар Тоҷикистон ба унвони як фарди хайркунанда ва некӯкор машҳур шуда буд, ки дар даврони ҳукумати Шӯравӣ ба Бунёди забони тоҷикӣ 50 ҳазор рубли Шӯравӣ хайр кард. Азизхоҷаев ҳамин тавр, соли 2008 барои Юсуф Абдусаломов ва Расул Боқиев, ки дар Олимпиадаи Пекин барои Тоҷикистон медалҳои нуқра ва биринҷӣ оварданд, мутаносибан 5000 ва 3000 доллар тӯҳфа кард. Дар соли 2010, ки ҳукумати Тоҷикистон барои тасреъ дар такмили сохти нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун иқдом ба фурӯши саҳмияи молии ин тарҳ кард, Абӯбакр Азизхоҷаев эълон карда буд, ки омодааст ба маблағи 1 миллион сомонӣ (беш аз 200 ҳазор доллар бо қурби он замон) саҳмияҳои ин нирӯгоҳро бихарад.