Сентябр 02, 2018 09:34 Asia/Dushanbe
  • Ҳушудори Эмомалӣ Раҳмон ба духтурони дандон ва сартарошон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба духтурони дандон ва сартарошон дар кишвар ҳушдор дод, ки дар сурати мушоҳидаи гирифтории шаҳрвандон ба бемориҳои сироятӣ пас аз муроҷиа ба ин марокиз, муққасирон муҷозот хоҳанд шуд.

Ба гузориши дафтари матубуотии раисиҷумҳурӣ, Эмомалӣ Раҳмон тайи дидор бо кормандони бахши беҳдошт ва дармон дар рӯзи оғози соли таҳсилии ҷадид дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон хостори ворид кардани ислоҳия ба Қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои муҷозоти дандонпизишкон, фурӯшндагон доруҳои бидуни кайфият ва ороиши гаронӣ шудааст, ки мӯҷиби гирифтории шаҳрвандон ба маризиҳои сироятӣ мешаванд.

Вай гуфтааст, Танҳо дар шаш моҳи соли 2018-ум 92 тонна маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишиву гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлати истифодаашон гузашта ва бе сертификати мутобиқат нобуд карда шудаанд.

Аз гузоришҳо маълум мегардад, ки қисме аз чунин маводи доруворӣ ба тариқи қочоқ ворид ва дар дорухонаҳо ба фурӯш бароварда мешаванд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, “Дар кишвар 254 муассисаи хусусии табобати дандон фаъолият мекунад, ки вазъи қисме аз онҳо ташвишовар мебошад.

Санҷишҳо нишон медиҳанд, ки дар аксари муассисаҳои хусусии табобати дандон меъёрҳои соҳаи тандурустӣ риоя намешаванд ва қисми зиёди утоқу таҷҳизоти онҳо ба талаботи беҳдоштӣ мутобиқат намекунад. Чунин вазъ боиси ба бемориҳои гуногуни сироятӣ гирифтор шудани одамоне мегардад, ки ба чунин муассисаҳо муроҷиат мекунанд.

Бино бар ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки якҷо бо Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои зикршуда чораҳои қатъӣ андешад.”