Сентябр 02, 2018 10:32 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти шаҳрванди Тоҷикистон бо шикояти мудири ширкати чинӣ

Додгоҳи шаҳри Душанбе як шаҳрванди Тоҷикистонро дар пайи шикояти мудирики ширкати чинӣ, банои бар ғасби корхонаи вай бо роҳи тақаллуби ҳуҷҷат  ба 8 сол зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши сойти Топ Тҷ, додгоҳи шаҳри Душанбе хонум Каромат Содиқова, мудири ширкати “Азия- тур” ро, ки 7 моҳ қабл ба иттиҳоми ғасби корхона истихроҷи нуқраи мутааллиқ ба фаъоли бахши хусусии чинӣ боздошт шуда буд, ба 8 сол зиндон маҳкум кард.

Зеро Ҷен Ху А шаҳрванди чинӣ муддаӣ шуда буд, ки хонум Содиқова, ки қаблан шарики вай будааст, бо таҳияи тақаллуби ҳуҷҷат корхонаи истихроҷи нуқраи вайро, ки 1 миллион доллар нарх дошт ғасб кардааст. Ин фаъол бахши хусусии Чин дар Тоҷикистон шикоят дошт, ки корхонаи истихроҷи нуқраро дар наздикии шаҳри Гулистон дар вилояти Суғд бо ҳазинаи худаш сохта ва хонум Содиқова бо кафолати “Ориёнбонк”-и ин кишвар, аз роҳи таҳияи ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ, ин маркази тавлидиро ба зӯр ғасб кардаанд.

Матбуоти маҳаллӣ тайи ҳадди ақалл панҷ соли охир дар мавриди қазияҳои марбут ба шабакаҳои фурӯшгоҳҳои "Орима", бозори "Ином" дар Шаҳритус, бозори "Сомон" дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд матлабу гузоришҳо пахш карда буд, ки гуфта мешуд ин тиҷоратҳо мавриди ғасби соҳибкорони қударатманд қарор гирифтаанд.