7 медал; дастоварди ҳайъати Тоҷикистон дар бозиҳои осиёии-2018
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i37780-7_медал_дастоварди_ҳайъати_Тоҷикистон_дар_бозиҳои_осиёии_2018
Корвони Тоҷикистон дар бозиҳои осиёии 2018 Индонезия бо касби ҳафт медал дар ҷойи 30 ҷадвали радабандӣ қарор гирифт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 02, 2018 09:35 Asia/Dushanbe
  • 7 медал; дастоварди ҳайъати Тоҷикистон дар бозиҳои осиёии-2018

Корвони Тоҷикистон дар бозиҳои осиёии 2018 Индонезия бо касби ҳафт медал дар ҷойи 30 ҷадвали радабандӣ қарор гирифт.

Ба нақл аз манобеъи хабарии Тоҷикистон, ҳаҷдаҳумин давраи бозиҳор осиёӣ нимаи дуввуми рузи якшанбе бо баргузории маросими ихтитомия (поёнӣ) дар Ҷакарта пойтахти Индонезия ба поён расид.

Корвони Тоҷикистон дар ин мусобиқот чаҳор медали нуқра ва се медали биринҷӣ касб кард.

Корвони варзишии Тоҷикистон бо 81 варзишгар дар 16 намуди варзишӣ дар ин руйдоди осиёӣ ҳузур дошт.

Дар ин бозиҳо беш аз 11 ҳазор варзишгар аз 45 кишвари осиёӣ ширкат карданд.

Варзишгарони тоҷик аз соли 1994 то кунун ҳафт бор дар ин бозиҳо ширкат кардаанд ва ҷамъан 28 медал (4 тилло, 7 нуқра ва 17 биринҷӣ) касб намудаанд.