Сентябр 02, 2018 19:37 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Вазири иқтисод ва тиҷорати Қатар

Имрӯз сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Вазири иқтисод ва тиҷорати Қатар Шайх Аҳмад ибн Ҷосим ибн Муҳаммад Оли Сонӣ мулоқот намуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҷонибҳо зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими дуҷонибаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, аз рушди муносиботи Тоҷикистону Қатар, ки дар заминаи тадбирандешиҳои сарони ҳарду давлат амалӣ гаштааст, изҳори қаноатмандӣ намуданд ва омодагию ҳавасмандии худро барои рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳо дар соҳаҳои  гуногун таъкид доштанд.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар мавзӯъҳои муҳиме мавриди таваҷҷӯҳ баррасӣ шуд.