Сентябр 03, 2018 09:12 Asia/Dushanbe
  • Нашрияи инглисӣ: Тоҷикистон мазҳабитарин кишвари Осиёи Марказӣ аст

Нашрияи инглисии “The Telegraph” ,Тоҷикистонро мазҳабитарин кишвар дар Осиёи Марказӣ муаррифӣ кардааст.

Ба гузориши Спутник, ин нашрия навиштааст, ки 85 дарсади мардуми Тоҷикистон ба Ислом пойбанд мебошанд.

Бино бар ин гузориш, дар Туркманистон шохиси пойбандӣ ба Ислом 80 дарсад, дар Қирғизистон 72 дарсад, дар Қазоқистон 64 дарсад ва дар Узбакистон 51 дарсадро ташкил мекунад.

Ба навиштаи нашрияи ёдшуда, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон беш аз се ҳазор масҷид фаъолият мекунад, ки 259 масҷиди ҷомеъ мебошад.

“The Telegraph” ҳамчунин аз маҳдудиятҳое, ки барои намозхондани кормандони идораҳои давлатӣ дар Тоҷикистон эъмол мешавад, навишта ва ба маҳрум будани онон аз ҳаққи намозхондан дар маҳалли кор ва рафтан ба намози ҷумъа ёд кардааст.

Ба навиштаи ин нашрия инглисӣ, дар Тоҷикистон ҳузури кормандон дар маҳалли корашон ҳангоми фаро расидани замони намоз ба шиддат контрол мешавад ва афроди мутахаллиф маҳкум ба пардохти ҷарима хоҳанд шуд.

“The Telegraph” меафзояд, мақомоти Тоҷикистон дар соли 2017 бо ислоҳи Қонуни танзими ҷашн ва маросим дар ин кишвар ва ба манзури ҷилавгирӣ аз исроф, пазироӣ аз меҳмонон бо ғизоро дар маросими мазҳабӣ ва арӯсӣ мамнӯ карданд ва мӯътақиданд, ки ин иқдом мӯҷиби сарфаҷӯӣ дар манобеи молии ханаводаҳо мешавад.