Боздошти ду нафар ҳангоми фурӯши кислотаи атсетат
(last modified Mon, 03 Sep 2018 09:38:42 GMT )
Сентябр 03, 2018 14:38 Asia/Dushanbe
  • Боздошти ду нафар ҳангоми фурӯши кислотаи атсетат

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду нафар барои муомилоти ғайриқонунии маводи кимиёвӣ мавриди истифода, дар сохти маводи мухаддир хабар дод.

Ба гузориши иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, маъмурони пулиси ноҳияи Шоҳмансури дар шаҳри Душанбе, Муҳаммадхон Муҳаммадови 27 сола ва Комилҷон Халилов 43 солаи сокини ҷамоати Хистиварзи ноҳияи Бобоҷони Ғафуровро боздошт кардаанд.

Бар асоси ин гузориш, муттаҳамон ҳангоми фурӯши 120 килограмм кислотаи атсетат дастгир шуданд.

Мақомот ҳамчунин аз боздошти ронандаи таксии ин ду нафар Илҳомиддин Хайриддинов хабар доданд, аммо парвандаи ҷиноӣ алайҳи ду муттаҳами аслӣ оғоз шудааст.

Дар иттилоияи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон омадааст, “маводҳои мусодирашуда ангидриди кислотаи атсетат буда, вазни холисаш 120 килограммро ташкил медиҳад”. Мушаххас шуд, ки маҳлули мусодирашуда дар феҳристи миллии воситаҳои маводи мухаддир буда ва барои таҳияи маводи мухаддир аз он, истифода мешавад.

Мақомоти умури дохилӣ афзуданд, ки муттаҳамон маводи мазкурро аз шаҳрванди қирғизистонӣ харида аз тариқи қочоқ вориди Тоҷикистон кардаанд ва ҳангоме, ки қасди фурӯши он, ба маблағи 20 ҳазор долларро дар Душанбе доштанд, боздошт шуданд.

Дар ҳоли ҳозир ин ду шахс дар боздоштгоҳ ба сар мебаранд ва алайҳи онҳо мутобиқи қонуни Тоҷикистон, парванда ташкил шудааст ва таҳқиқот дар ин робита идома дорад.