Сентябр 03, 2018 15:33 Asia/Dushanbe
  • Корхонаи 80 сола дар Тоҷикистон аз кор бозмонд

Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Ҷамаст” яке аз ширкатҳоест, ки тӯли 80 сол ба истихроҷ ва коркарди сангҳои қимматбаҳои кишвар машғул аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, аз соли 2004 то 2014 ҷамъият тибқи иҷозатнома дар панҷ кон ба истихроҷ ва коркарди сангҳо машғул буд:

Аммо аз соли 2015 “Ҷамаст” бо сабаби надоштани иҷозатнома аз фаъолият бозмонд. Бо вуҷуди ин, то кунун дастгоҳҳои корӣ ва мутахассисони асосиро ҳифз кардааст.

ҶДММ “Ҷамаст”, ки ҳар сол зиёда аз 150 ҳазор сомонӣ танҳо ба сифати андоз ба буҷаи кишвар ворид мекард, 4 соли ахир аст, ки дар интизори гирифтани иҷозатнома барои пешбурди фаъолият мебошад.

Сабаби таъхири гирифтани иҷозатнома барои ин ширкатро на дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав, на дар Саридораи геологияи Тоҷикистон ва на дар худи ҷамъият ба шарҳ додан нахостанд.