Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Ҷопон
(last modified Mon, 03 Sep 2018 12:58:00 GMT )
Сентябр 03, 2018 17:58 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Ҷопон

Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Ҷопон Кейҷи Фуруя, масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва роҳҳои таҳкими робитаҳои байнипарлумониро баррасӣ намуданд.

Ба нақл аз Форс, Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Ҷопон Кейҷи Фуруя, дидор ва мулоқот намуданд.

Зимни мулоқот тарафҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, роҳҳои таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва саҳми гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ дар рушди муносибатҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Ҷопон баррасӣ шуд.

Тарафҳо аз сатҳи муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, татбиқи санадҳои қаблан имзошудаи ҳамкорӣ ва амалӣ кардани лоиҳаҳои муштарак изҳори қаноатмандӣ карданд.

Тарафҳо барои таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ, инчунин зарурати таъмиқи ҳамкорӣ дар соҳаҳои барои ҳар ду кишвар судманд изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Инчунин, зимни мулоқот дигар масъалаҳо низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.