Сентябр 04, 2018 09:16 Asia/Dushanbe
  • Сафари тоҷикҳо ба Узбакистон бо қатор мумкин шуд

Ширкати “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон муҷаввизи савор ва пиёда кардани мусофиронро дар се шаҳри Узбакистон ба даст овард.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон эълом кардааст, ки акнун дар шаҳрҳои Тирмиз, Самарқанд ва Қаршии Узбакистон барои қаторҳои мусофирбарии ширкати “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон муҷаввизи савор ва пиёда кардани мусофир содир шудааст.

Пеш аз ин қаторҳои "Роҳи оҳан"-и Тоҷикистон ҳангоми убур аз қаламрави Узбакистон ҳақ надоштанд, мусофир савор кунанд. Акнун дар шаҳрҳои Тирмиз, Самарқанд ва Қаршии Узбакистон заминаи хариди билети қаторҳои Тоҷикистон барои рафтан ба Русия ва сафар ба вилоятҳои Суғд ва Хатлон фароҳам шудааст, ки рафтуомади шаҳрвандони ду кишварро осон месозад. Ҳамчунин барои мусофироне, ки дар истгоҳҳои роҳ оҳани ин се шаҳри Узбакистон барои рафтан ба Тоҷикистон ё Русия бо қаторҳои тоҷикистонӣ билет харидорӣ мекунанд, тахфифи 10 то 25-дарсадӣ дар қимати билетҳо дар назар гирифта мешавад.

Мақомоти ширкатҳои “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон ва Узбакистон дар пайи музокироте дар Тошканд дар моҳи июли имсол дар заминаи ҳаракати қаторҳои ду кишвар ва эътои осонӣ ба мусофирон ба тавофуқ расиданд.