Ҷашни бардошти харбуза дар бозори Меҳргони пойтахт
Имрӯз 4 сентябр дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Тоҷикистон бо ҳамкории шаҳрдории пойтахт, ҷашни бардошти Харбуза баргузор мешавад.
Ба нақл аз сомонаи Ховар, дар ин ҷашн деҳқонон беҳтарин намунаҳои маҳсулоти худро ба намоиш мегузоранд ва дар озмуне, ки барои интихоби беҳтарин маҳсул баргузор мешавад, ширкат мекунанд.
Ҷашни бардошти харбуза чандин сол аст, ки дар Тоҷикистон дар моҳҳои август ва сентябр ва дар авҷи мавсими харбуза ва тарбуз баргузор мешавад.
Намояндаи Вазоарти кишоварзии Тоҷикистон гуфт: Имсол ҷашни бардошти харбуза дар маркази хариди Меҳргон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар ин ҷашн навъҳои мухталифи харбуза аз беҳтарин харбузаҳо ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба намоиш ва фуруш гузошта мешавад, ки меҳмонон метавонанд онҳоро бо нархҳои дастрас харидорӣ намоянд.
Бино бар иттилои манбаъ барои бошукуҳ баргузор шудани ин ҷашн ҳамзамон озмуни беҳтарин харбузаҳо ҳам баргузор мегардад ва ба ғолибон ва беҳтарин кишоварзони ҷумҳурӣ ҳадияҳои арзандае тақдим мешавад.