Намоши нави сирки марказии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи истиқлолият
Ба муносибати таҷлили ҷашни истиқлолият, сирки давлатии Тоҷикистон аз 8 то 10 сетябр барои тамошобинон барномаҳои нави ҳунарӣ пешинҳод хоҳад кард.
Ба нақл аз Дафтар матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ин нахустин бор аст, ки дар доираи барномаҳои нави сирки давлатии Тоҷикистон, ҳунармандони Русия баромад хоҳанд кард.
Дар ин барнома 11 ҳунарманди ҷавони рус, ки дар омӯзишгоҳи давлатии сирки Румянтсеваи шаҳри Маскав таҳсил кардаанд, мушорикат мекунанд.
Ба гузориши манбаъ, ҳунармандон дар доираи барномаи рушди санъати сирк, ки бо дастгирии Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст, дар Маскав ройгон таҳсил кардаанд.
Акроботон, варзишкорон, кордбозон, ширинкорон, дорбозони сирк барои тамошобинон барнома иҷро хоҳанд кард.
Рӯзи истиқлолият дар Тоҷикистон 9 сентябр таҷлил хоҳад шуд.