Пахши филми ҳамла ба гардишгарони хориҷӣ аз телевизиони давлатии Тоҷикистон
Филми мустанаде бо унвони “Гирдоб” дар бораи ҳодисаи ҳамла ба гардишгарони хориҷӣ сешанбешаб аз телевизиони давлатии Тоҷикистон пахш шуд.
Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, дар ин филм Ҳусейн Абдусамадов, саркардаи гурӯҳи муҳоҷимон ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ дар ноҳияи Данғара муддаӣ шуда, ки ин ҳамла ба дастури фарде бо номи Қорӣ Носир, ки аз ӯ ба унвони узви Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломӣ ном бурда мешавад, анҷом шудааст.
Таҳиякунандагони филми “Гирдоб” ин ҳизбро масъули ҳамла ва куштори гардишгарони хориҷӣ дар рӯзи 29 – уми июл муаррифӣ кардаанд.
Пеш аз ин низ мақомоти ниҳодҳои мухталифи Тоҷикистон ин гуна иддаоро матраҳ карда буданд. Аммо ҳамон тавре, ки дар сомонаи “Ахбор” зикр шудааст, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон иттиҳоми даст доштан дар ҳодисаи ноҳияи Данғараро, ки мунҷар ба марги 4 гардишгари хориҷӣ аз кишварҳои Амрико, Швейтсария ва Нидерландия шуд, рад кардааст.