Сентябр 05, 2018 13:05 Asia/Dushanbe
  • Сухтори мошини ҳомили сӯзишворӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқ

Дар пайи сухтори мошини ҳомили маводи сӯзишворӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқ ду нафар ҷон бохтанд.

Ба нақл аз Дафтар матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳодиса ҳудудан соати нуҳу ним дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ рух додааст.

Бино бар иттилои манбаъ контроли мошини ҳамли маводи сӯзишворӣ, ки дорои 28747 литр бензин ва 6253 литр дизелӣ будааст, аз дасти ронандаи 36 солаи он хориҷ шуда ва чап кардааст. Дар натиҷа  маводи сӯзишворӣ ба замин рехта ва сухтор сурат гирифтааст.

Манбаъ меафзояд, дар пайи ҳодиса худи ронанда ва мусофири 26 солаи вай ба иллати ҷароҳати вазнин дар ҷои ҳодиса ҷон бохтанд.

Вазорати умури дохилӣ афзуд, феълан таҳқиқоти ин ҳодиса идома дорад.