Сентябр 05, 2018 13:36 Asia/Dushanbe

Бостоншиносони тоҷик мегӯянд, муваффақ ба кашфи шаҳри қадимӣ шудаанд, ки 2000 сол пешина дорад.

Ба гузориши шабакаи телевизиони русии “Мир – 24”, ин шаҳр, ки ба тозагӣ аз зери хок кашф шудааст, дар 86 километрии ҷануби шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон қарор дорад.

Доктор Довудхоҷа Довудӣ, раҳбари гурӯҳи бостоншиносони машғули ковиш дар ин маҳал гуфтааст, ашёи атиқа шомили сикка ва зеваролот аст ва маконҳои зисти кашфшуда баёнгар аз  вуҷуди шаҳре дар даврони Кӯшониён дар ин минтақа будааст.

Алишер Қайюмзода, корманди Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳам гуфтааст, дар ин макон 6 то хум пайдо шуда, ки аз аҳамияти вижаи таърихӣ бархурдор аст.

Хусрав Маннонов, яке аз сокинони маҳаллӣ низ гуфтааст, мо ба маҳзи огоҳӣ аз шурӯи ковиш, ба кумаки бостоншиносон шитофтем, чун ин кашфиёт бахше аз таърихи миллати мост.