Эъломи озмун барои либоси кормандони полис дар Тоҷикистон
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо тасдиқи як қарор барои таҳияи сарулибоси нави хидматии милисаҳои кишвар озмун эълон кардааст.
Ба нақл аз сайти вазорат, муҳлати пешниҳоди тарҳи нави либос бо аломатҳои фарқкунандаи милисаҳо то 1 октябр муқаррар шуда, хулосаи комиссияи озмун 15 октябр муайян мегардад.
Озмуни сарулибоси нави милисаҳо аз пойафзол то кулоҳро ҳам барои занон ва ҳам мардон ҳам зимистона ва ҳам тобистона фаро гирифтааст.
Вазир муқаррар кардааст, ки сарулибоси нав рангҳои сафед, хокистаранг ва кабуди торикро дошта бошад.
Таъкид шудааст, ки либосҳои нав бо киса ва таркиби барои кор ва нигоҳдорӣ мувофиқ бошад ва ба канорҳои каҷу килеб роҳ дода намешавад.
ВУД бо пешниҳоди талабот нисбати матоъ таъкид намудааст, ки шароити обу ҳавои ин ё он минтақа, ба монанди ноҳияҳои гарми Шаҳритӯсу Қабодиён, ё сард ба монанди навоҳии Мурғобу Лахш ба назар гирифта шавад.
Вазир дар шартҳои озмун таъкид намудааст, ки "юбка" ва либосҳои занона набояд аз зону баланд бошад.
"Пойафзоли занона метавонад пошнадор бошад, аммо баландии он на бештар аз 4,5 сантиметрро ташкил диҳад", — омадааст дар шартҳои озмун.
ВУД афзудааст, ки таҳияи сарулибоси нав дар доираи ислоҳоти милиса сурат гирифта, нархи он низ аз омилҳои муҳим мебошад.