Судури нахустин ҳукми ҷазоӣ дар Тоҷикистон барои музоҳимати хиёбонӣ алайҳи занон
(last modified 2018-09-06T04:19:19+00:00 )
Сентябр 06, 2018 09:19 Asia/Dushanbe
  • Судури нахустин ҳукми ҷазоӣ дар Тоҷикистон барои музоҳимати хиёбонӣ алайҳи занон

Журналисти Радиои Озодӣ нахустин зан дар ҷумҳурист, ки барои таҳқир дар кӯча аз ҷониби мардон ба суд шикоят бурд.

Ба нақл аз Азия-Плюс, журналисти Радиои Озодӣ Афсона Акобиршо аз болои қарори суд, ки ба ҳар кадоме аз мардони ӯро таҳқиркарда 350 сомонӣ ҷарима таъин кард, ба зинаи таҷдиди назар шикоят бурд.

Афсона рӯзи 6 август ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ариза навишта, нимаи моҳи август аз рӯи ин парванда мурофиаи судӣ баргузор шуд. Ба гуфтаи духтар, ба ӯ 10 дақиқа пеш аз оғози мурофиа занг задаанд.

Табиист, ки ман ба мурофиа дер монда, танҳо замони эълони қарори суд расида тавонистам. Суд ба ҳар кадоме аз қонуншиканон дар ҳаҷми 350 сомонӣ ҷарима таъин кард”, - иброз дошт ӯ.

Журналист ин ҷазоро хеле сабук дониста, адвокат киро кард ва аз болои қарори суд ба зинаи таҷдиди назар шикоят бурд.

Ба сифати ҷазо мо талаб мекунем, ки корфармо айбдоршавандагонро аз кор озод намояд. Худи қонуншиканон ба пардохти зиёни маънавӣ ва маблағи панҷ рӯзи кории ман, ки дар ба дари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гашта, дар маросимҳои расмӣ, рӯбарӯкунӣ ва шинохтан иштирок кардам, ухдадор шаванд”, - мегӯяд рӯзноманигор.

Ёдрас мекунем, ки ин ҳодиса субҳи рӯзи 6 август замони ба кор рафтани Афсона ба вуқӯъ пайваст. Бинокорони машғул ба таъмиру навсозии “Кохи Ваҳдат” бо дидани ӯ ба таҳқир пардохта, ба унвони ӯ ҳарфҳои носазои марбут ба фаҳшо гуфтанд.

Пас аз ин журналист ба Шуъбаи ВКД ноҳияи Исмоили Сомонӣ ариза навишт. Парванда ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ фиристода шуда, мутобиқи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (Авбошии барқасдона) баррасӣ шуд.