Сентябр 06, 2018 10:01 Asia/Dushanbe
  • Тавқифи 20 мошини боркаши ҳомили колои қочоқ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Давоми як моҳ сарҳадбонони тоҷик 20 адад мошинҳои боркашеро, ки  ғайриқонунӣ ва бе ҳуҷҷатҳои зарурӣ сарҳади давлатиро убур карда, ба кашонидани моли қочоқ машғул буданд, боздошт намуданд.

Ба иттилои Ховар, котиби матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Муҳаммад Улуғхоҷаев гуфт, моҳи августи соли ҷорӣ дар минтақаҳои отрядҳои сарҳадӣ ва ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, аз ҷумла, дар минтақаҳои наздисарҳадии ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ ва шаҳри Исфара чорабиниҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ доир ба пешгирии интиқоли молҳои пастсифати сохтмонӣ, молҳои ниёзи мардум ва пешгирии убури ғайриқонуни марзи давлатӣ гузаронида шуд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки ғайриқонунӣ ва бе ҳуҷҷатҳои зарурӣ, яъне чун қочоқчӣ марзи давлатиро убур карда буданд, бо мошинҳои боркаши худ дастгир карда шуданд. Дар ин муддат, мошинҳои боркаши тамғаҳои «Портер» — 11 адад, «ЗИЛ» -1 адад, «Газел»- 2 адад, 6 адад мошини боркаши тамғаи “Мерседес” боздошт гардиданд.

Ҳангоми азназаргузаронии воситаҳои нақлиёти боркаш, аз бордони мошинҳо ба миқдори 16 000 килограм меваи хушки зардолу, 400 килограм маҳсулоти сабзавотӣ, 1 250 килограм нурии минералии навъи силитра, 1 500 (ҳазору панҷсад) адад тунукаи алюминӣ, 17 тоннаю 500 килограм маводи сӯзишвории ангиштсанг, 1 000 литр маводи сӯзишвории дизелӣ, зиёда аз 15 метри мукааб маҳсулоти сохтмонии тахта ва ғайра дарёфт ва мусодира карда шуд.

Пас аз тартиб додани ҳуҷҷатҳои зарурӣ дастгиршудагон бо мошинҳо ва борҳои дохили он ба мақомоти интизомии дахлдори вилояти Суғд супорида шуданд.