Сентябр 07, 2018 17:21 Asia/Dushanbe
  • Таҷаммӯи эътирозӣ дар назди дафтари САҲА дар Душанбе

Шуморе аз шаҳрвандони Тоҷикистон имрӯз дар таҷаммӯи эътирозӣ дар назди дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар шаҳри Душанбе, ширкат карданд.

Ба гузориши Ахбор, ин ашхос хостори адами ҳузури Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар нишасти ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо шуданд.

Нишасти ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо қарор аст, тайи рӯзҳои 9 то 11 сентябр дар шаҳри Варшава, пойтахти Полша баргузор шавад.

Аз ҷумла эътирозгарони имрӯз дар назди дафтари САҲА, Гулчеҳра Шодмонова, модари Ҳусайн Абдусамадов, омили боздошт шудаи ҳамлаи аъзои ДИИШ ба гардишгарони хориҷӣ дар Данғара буд, ки қасд дошт иқдом ба худкушӣ кунад, аммо мақомоти пулиси Душанбе монеи ин амали ӯ шуданд.

Ӯ пеш аз ин гуфта буд, агар Муҳиддин Кабирӣ ба нишасти Варшава даъват шавад, худро оташ хоҳад зад.

Дар тайи солҳои гузашта низ мавориди мушобеҳе аз таҷаммӯи эътирозии афрод дар назди дафтари намондагии САҲА ва сафоратхонаҳои Амрико ва Олмон дар шаҳри Душанбе рӯх додааст.

Таҷаммӯи эътирозии имрӯз дар назди дафтари САҲА дар Душанбе, дар ҳоле доир шуда, ки дирӯз Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо хонум Туула Юрёля, раиси дафтари намондагии САҲА дар Душанбе, дидору гуфтугӯ кард.

Ду тараф дар ин дидор, масоили марбут ба ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупоро мавриди баррасӣ қарор доданд.