Ифтитоҳи посгоҳи нави марзии Тоҷикистон дар иртифоъи чаҳор ҳазор метрӣ
Посгоҳи нави неруи марзбонии Тоҷикистон дар иртифоъи чаҳор ҳазор метрӣ дар ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон дар марз бо Афғонистон бо ҳузури Дабири Шурои амнияти Тоҷикистон ифтитоҳ шуд.
Ба нақл аз хабаргузории давлатии Ховар, генерал Абдулраҳим Қаҳҳоров дар маросими ифтитоҳи ин посгоҳи нави марзӣ гуфт дар 10 соли ахир дар марзҳои Тоҷикистон беш аз 150 посгоҳи нав сохта шуда, ки барои ҳифозат аз кишвар аз аҳамияти зиёде бархурдор мебошад.
Вай таъкид кард, ки барои фаолияти марзбонон дар ин посгоҳи нав, сарбозхона, толори хурокхурӣ, хонаи афсарон, толори ҷаласаҳо ва маркази гармоишӣ ба баҳраварӣ расида, ки бо шароити сардсири куҳистонӣ мутобиқ мебошад.
Ба гуфтаи генерал Қаҳҳоров дар фасли зимистон имкон дорад дамои ҳаво дар ин посгоҳ ба 45 дараҷа зери сифр бирасад, ки ин масъала сабаб мешавад фаолияти муназзами маркази гармоишӣ аз аҳамияти вижае бархурдор шавад.
Генерал Қаҳҳоров афзуд:Марзбонони тоҷик дар шароити феълӣ дар хатти муқаддами мубориза бо гуруҳҳои террористӣ ва қочоқбарони маводи мухаддир қарор доранд ва дар таъмини амният ва суботи Тоҷикистон нақши басазое ифо мекунанд.
Гуфта мешавад, ки посгоҳи нави марзии Тоҷикистон бо Афғонистон дар иртифоъи чаҳор ҳазор метрии куҳистонҳои вилояти Бадахшон баландтарин посгоҳи марзӣ дар Осиёи марказӣ аст.