Сентябр 08, 2018 13:14 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрикии мақомоти кишварҳои мухталиф ба муносибати солгарди Истиқлоли Тоҷикистон

Дар остонаи фаро расидани ҷашни бистуҳафтумин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон, раисони ҷумҳурии Русия, Чин, Ӯзбакистон ва Амрико бо ирсоли номаҳои ҷудогона, солгарди Истиқлоли ин кишварро ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфтанд.

Фардо, 9 –уми сентябри соли 2018 бистуҳафтумин солрӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст. Ба ҳамин муносибат Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, Ши Ҷинпинг, раиси ҷумҳурии Чин, Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико ва Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон, номаҳои табрикотӣ ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ирсол карданд ва ин рӯзро ба давлат ва миллати ин ҷумҳурӣ табрик гуфтанд.

Ба навиштаи сомонаи “Ховар”, ҳамчунин сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо, раҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ, раисони созмонҳои молӣ ва иҷтимоӣ номаҳои табрикотӣ ба Эмомалӣ Раҳмон ирсол ва барои мардуми ин кишвар пешрафт ва саодатмандӣ орзу карданд.

Подшоҳи Белгия, раисҷумҳури Австрия, президенти Руминия, президенти Сингапур, президенти Африқои Ҷанубӣ, валиаҳд, муовини раиси Шӯрои вазирон ва вазири дифои Арабистони Саудӣ ва дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ҳам паёмҳои табрикӣ ба Эмомалӣ Раҳмон фиристоданд.

Дарёфти номаҳои шодбош ба раисҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати ҷашни фархундаи бистуҳафтумин солгарди истиқлоли ин кишвар ҳамчунон идома дорад.