Сентябр 08, 2016 18:00 Asia/Dushanbe
  • Чопи китобҳои адабӣ барои мадориси Тоҷикистон дар пажӯҳишгоҳи сафорати Эрон

Ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон, пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии вобаста ба сафорати Эрон, 3 китоб аз маҷмӯаи осори мунтахаби адабиёти классикии Эронро ба ду хатти форсӣ ва сирилик мунташир кард.

Ба гузориши хабаргузори Форс, пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ- тоҷикии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе, дар остонаи Рӯзи миллии Тоҷикистон, "шарҳи мунтахаби ашъори Рӯдакӣ", "шарҳи мунтахаби Гулистони Саъди Шерозӣ" ва "шарҳи мунтахаби Баҳористони Абдурраҳмони Ҷомӣ"-ро ба ду хатти сириллӣ ва форсӣ, ҳар кадом ба теъдоди 5 ҳазор нусха мунташир кард ва дар ихтиёри мадориси Тоҷикистон қарор дод.

Ҳасани Қарибӣ-раиси пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ, гуфт, ин иқдом бо ҳимояти сафири Эрон дар Тоҷикистон ва ҳамкории пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Абдурраҳмони Ҷомӣ вобаста ба Академияи таҳсилоти Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Қарибӣ, ҳадаф аз нашри ин маҷмӯаро ошноӣ беҳтари донишомӯзони тоҷик бо осори адабиёти классик ва хатти ниёгон донист ва афзуд, чопи чандин  ҷилд аз маҷмуаи осори бузургони адаби форсӣ - тоҷикӣ дар дастур кор аст.

Дар пайи интишор ин китобҳо Нуруддини Саид, Вазири маориф ва улуми Тоҷикистон бо ирсоли номае аз пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ- тоҷикии сафорати Эрон қадрдонӣ кард.