Муваффақияти як ҷавони тоҷик дар Олимпиадаи ҷаҳонии Жопон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i37931-Муваффақияти_як_ҷавони_тоҷик_дар_Олимпиадаи_ҷаҳонии_Жопон
Як ҷавони тоҷик дар Олимпиадаи ҷаҳонии Жопон аз фанни технологияи иттилоотӣ ҷойи дуюмро гирифт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 08, 2018 09:53 Asia/Dushanbe
  • Муваффақияти як ҷавони тоҷик дар Олимпиадаи ҷаҳонии Жопон

Як ҷавони тоҷик дар Олимпиадаи ҷаҳонии Жопон аз фанни технологияи иттилоотӣ ҷойи дуюмро гирифт.

Ба нақл аз Дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, 30-юмин Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ аз 1 то 8 сентябри соли равон дар шаҳри Сукубаи давлати Жопон  баргузор шуд.

Чаҳор нафар аз Тоҷикистон дар ин олимпиада ширкат карданд.

Ба гуфтаи манбаъ, 350 довталаб аз 87 кишвар дар ин олимпиада ширкат карданд.

Дафтари матбуоти вазорат афзудааст, ки дар ҷамъбасти олимпиада Фарҳод Ҳакимиён аз  шаҳри Душанбе сазовори ҷойи дуюм гашатааст.