Ҳузури ду узви собиқи ҳизби наҳзат дар ҳайати ҳукумати Тоҷикистон дар Варшава
Ҳайати ҳукумати Тоҷикистон, ки барои ширкат дар нишасти ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар рӯзҳои 11 то 21 сентябр дар шаҳри Варшава, пойтахти Полша ба ин кишвар меравад, шомили ду узви собиқи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ низ хоҳад шуд.
Ба гузориши Ахбор, ин ҳайт шомили Низомиддин Зоҳидӣ, муовини вазири умури хориҷа, Вафо Ниятбеков, сухангӯи ин вазоратхона, Сайфуллоҳ Сафаров, муовини аввали мудири пажӯҳишгоҳи роҳбурдии вобаста ба ниҳоди раёсатҷумҳурӣ, Рустам Азизӣ, муовини мудири Маркази исломшиносӣ, Мулло Абдураҳим Каримов ва Мулло Аёмиддин Сатторов, ду узви собиқи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ хоҳад шуд.
Мулло Абдураҳим Каримов аз солҳои 2000 пас аз барканорӣ аз раёсати Кумитаи давлатии гумруки Тоҷикистон, ки бар асоси саҳмияи 30 дарсадии иттиҳоди мухолифони вақт дар ин симат мансуб шуда буд, алайҳи ҳизби наҳзати исломӣ Тоҷикистон суханронӣ мекунад. Аммо Мулло Аёмиддин Саторов, ки гуфта мешавад ба наздикӣ аз Лаҳистон ба Тоҷикистон омадааст, се навори видеоӣ мунташир карда ба шиддат аз ҳизбе, ки муддаӣ аст, яке аз муссисонаш мебошад, интиқод мекунад. Дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Варшаваи Полша, ду гурӯҳи умдаи мухолифони сиёсии ҳукумати Тоҷикистон, ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва Гурӯҳи 24, ки фаъолияти онон дар дохили Тоҷикистон мамнӯъ мебошад, дар ҷаласаи тахассусӣ ширкат хоҳанд кард. Дар ин се нишаст ба баҳс дар бораи авзои сиёсӣ, ҳуқуқи башар ва озодиҳои шаҳрвандон дар Тоҷикистон мепардозанд.