Сентябр 08, 2016 18:50 Asia/Dushanbe
  • Ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон бо баргузории режаи низомӣ оғоз шуд

Ҷашни 25-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон бо ширкати низомён ва мақомоти ин кишвар дар майдони "Дӯстӣ"-и шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Маросими бузургдошти 25-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон, субҳи имрӯз дар майдони "Дӯстӣ"-и шаҳри Душанбе бо ширкати 16 ҳазор нерӯи низомии ин кишвар баргузор шуд.

Дар ин маросим, ки ба таври мустақим аз шабакаҳои телевизионии давлатии Тоҷикистон намоиш дода шуд, раиси Маҷлиси миллӣ, нахуствазир ва дигар мақомоти баландпояи ин кишвар ҳузур доштанд.

Эмомалӣ Раҳмон-раисиҷумҳури Тоҷикистон қабл аз оғози режаи низомӣ дар суханони кӯтоҳ бар лузуми ҳушёрии нерӯҳои низомии ин кишвар барои барқарории амният дар ин кишвар таъкид кард.

Дар ин маросим аспсаворон ва бонувони низомии ин кишвар низ ҳузур доштанд.

Маросими 25-умини солгарди Истиқлоли Тоҷикистон дар соири манотиқи ин кишвар дар ҳоли баргузорӣ аст.

Ҳамчунин фардо режаи 52 ҳазор нафарӣ бо ширкати донишомӯзон ва коркунони ҳамаи муассисоти Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Ҳамасола дар Тоҷикистон, 9 сентябр ба унвони Рӯзи истиқлоли ин кишвар гиромӣ дошта мешавад.