Поёни гуруснанишинии раиси “Гурӯҳи 24” дар зиндони Истамбули Туркия
(last modified 2018-09-10T04:03:40+00:00 )
Сентябр 10, 2018 09:03 Asia/Dushanbe
  • Поёни гуруснанишинии раиси “Гурӯҳи 24” дар зиндони Истамбули Туркия

Раиси гурӯҳи дар Тоҷикистон мамнӯи мавсум ба 24, ки аз шаш моҳ қабл дар зиндоне дар Истамбули Туркия дар боздошт ба сар мебарад, аз поёни эътисоби ғизоии худ хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Ахбор, Суҳроб Зафар гуфтааст, ки пас аз чаҳор рӯз эътисоби ғизо ба нишони эътироз ба тӯлонӣ шудани боздошат ва расидагӣ накардани мақомоти қазоии Туркия ба парвандааш, дар пайи дидор бо кормандони додситонии ин кишвар, эътисоби ғизоро қатъ кардааст.

Вай таъкид кардааст, ки кормандони додситонии Туркия дар дидор бо ӯ ваъда додаанд, ки дар кӯтоҳтарин замони мумкин баррасии парвандаашро оғоз хоҳанд кард.

Суҳроб Зафар соли 2014 дар Туркия ба сар мебурд, дар рӯзи 19 моҳи марти имсол ба дасти пулиси Истамбул боздошт шуд.

Суҳроб Зафари 40 сола дар соли 2014 низ дар Туркия ба дархости мақомоти қазоии Тоҷикистон боздошт шуд, ки дар он замон аз истирдоди ӯ ба кишвараш худдорӣ карданд.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон дар бораи иттиҳомоти раиси “Гурӯҳи 24” тавзеҳ надодаанд, аммо номи вай дар феҳрасти афроди таҳти пайгарди Пулиси байналмилал сабт шудааст.

Ҳамчунин номи Суҳроб Зафар дар феҳрасти афроде, ки Бонки милли Тоҷикистон бо номи "муртабит бо терроризм" дар моҳи марти соли ҷорӣ мунташир кард, мушоҳида мешавад.