Ҷаримаи молии ду корманди Кумитаи меъморӣ ва сохтмонсозии Тоҷикистон
Ду корманди Кумитаи давлатии меъморӣ ва сохтмонсозии Тоҷикистон ба ҷурми додани иҷозатномаи тақаллубӣ ба пардохти ҷарима дар ҳудуди ҳафтод баробар ришвае, ки гирифта буданд, маҳкум шуданд.
Ба гузориши сойти Додситони кулли Тоҷикистон, Қобил Шукурзода ва Фирӯз Амонзода дар баробари дарёфти маблағи 8 ҳазору 200 сомонӣ ришва аз раиси ширкати сохтмонсозии “Идрис 2017” муҷаввиз мушорикат дар сохти хона дар шаҳри Душанберо барои он содир кардаанд, дар ҳоле, ки ин ширкат на корманд ва на имконоти сохту соз доштааст.
Додгоҳи Душанбе ин ду корманди Кумитаи давлатии меъморӣ ва сохтмонсозии Тоҷикистонро ба иттиҳоми дарёфти ришва, сохтакории санадҳои тақаллубӣ ва судури ғайриқонунии муҷаввизи сохту соз барои ширкате, ки нирӯ ва таҷҳизот надорад, ба пардохти 557 ҳазору 250 сомонӣ, ҷаримаи молӣ маҳкум кард.
Ҳамчунин онон ба муддати чаҳор сол аз фаъолият дар симатҳои давлатӣ маҳрум шуданд.
Бо вуҷуди шиддат ёфтани муҷозоти кормандони ришвахори ниҳодҳои давлатӣ дар Тоҷикистон дар солҳои ахир, мизони фасоди молӣ ва ришвахорӣ дар идораҳои ҳукуматии ин кишвар, ҳамчунон боло аст.