Баргузории маросими рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон дар Наврӯзгоҳ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i37969-Баргузории_маросими_рӯзи_истиқлолияти_Тоҷикистон_дар_Наврӯзгоҳ
Маросими аслии ойини таҷлил аз рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон рӯзи 9 сентябр бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии ин кишвар баргузор шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 10, 2018 05:06 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон дар Наврӯзгоҳ

Маросими аслии ойини таҷлил аз рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон рӯзи 9 сентябр бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии ин кишвар баргузор шуд.

Ба нақл аз сомонаи Ховар, дар ин маросим ки дар Наврӯзгоҳ-и шаҳри Душанбе бо ҳузури қишрҳои мухталифи сокинони пойтахти Тоҷикистон ва меҳмонони хориҷӣ баргузор шуд, Эмомалӣ Раҳмон зимни табрики бисту ҳафтумин солгарди истиқлолияти ин кишвар  тасреҳ кард, мардуми Тоҷикистон дар оғози даврони истиқлолият аз имтиҳони сахти таърих сарбаланд берун омаданд ва кишвари худро обод ва шукуфо карданд.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, соли равон воқеан соли таърихӣ барои Тоҷикистон аст, чаро ки дар ин сол тарҳи Тоҷикистон бо унвони "Иқдоми байналмилалии  10 солаи Об барои рушди пойдор 2018-2028" бо мусаввабаи Созмони Миллали Муттаҳид расман роҳандозӣ шуд, ки ин амр саҳми Тоҷикистон дар ҳалли яке аз мушкилоти мубрами башар яъне масъалаи обро ба намоиш гузоиш.

Эмомалӣ Раҳмон дар поёни суханронӣ ба бозсозиҳо ва барномаҳои умронии шаҳри Душанбе таи солҳои истиқлолияти Тоҷикистон ишора кард ва аз ин раванд тақдир кард.