Сентябр 10, 2018 20:31 Asia/Dushanbe
  • Ифшогарӣ дар бораи тарҳи террори Муҳиддин Кабирӣ

Сойти Ахбори Тоҷикистон дар филме, ки ахиран мунташир кард, аз тарҳи муштарак ва ҳамоҳанг барои террори раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон наҳзати исломӣ ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши Parstoday.com, дар ин филм Муҳаммадалӣ Расулов, ки худро афсари Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон муаррифӣ мекунад, иқрор кард, вай бо ҳамкории ду нафар дигар аз аъзои ин кумита, бар асоси барномае аз пеш тарроҳӣ шуда дар Русия ва Аврупо, маъмурият доштанд, муқаддамоти террори Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи исломиро фароҳам кунанд.

Ӯ мегӯяд, аз соли 2016 то моҳи марти соли 2018 ваёро 8 маротиба бо ҳадафи омӯхтани вазъи оперативӣ дар байни мухолифини ҳукумат, алалхусус дар байни тарафдорони ҲНИТ ба Аврупо сафарбар карданд: "Дар натиҷа ба мо муяссар шуд, ки дар байни гуруҳҳои мухолифин дар ҳақиқат низоъ ворид намоем ва ба фраксияи ҲНИТ як фраксияи алтернативӣ созем.”

Расулов гуфт, моҳи феврали соли 2018 лоиҳаи музокироти инфиродӣ ва мусолиҳа бо фаъолони алоҳидаи мухолифин барҳам хӯрд. Расулов гуфт, дар чорчӯби ин барнома бо Шарофиддин Гадоев, Шамсиддин Саидов, Равшани Темуриён, Темур Варқӣ ва худи Муҳиддин Кабирӣ тамосҳо доштааст: "Ман ба баъзе аз ин шахсон пешниҳоди роҳбарият дар бораи бозгаштро дар миён гузоштам. Ин шахсон розӣ буданд барои бозгашт ва танҳо як шарт гузоштанд, ки агар маҳбусони сиёсиро озод кунанд, мо дар як шаб сарҷамъ ҳамаамон бармегардем.”

Вай дар идома изҳор кард, “дар феврали 2018 тарҳи музокираи инфиродӣ бо мухолифон шикаст хӯрд ва дар ниҳоят ба «гурӯҳи вижа» дастур дода шуд, тарҳеро бо ҳадафи террори Муҳиддин Кабирӣ пайгирӣ кунад.

Ин афсари тоҷик изъон кард, масъулияташ дар тарҳи террори Кабирӣ, ин буд, ки пас аз бозгашт ба Олмон бояд ба вай наздик шавад ва иттилооти дақиқе аз аз дар бораи вай, ҷамъоварӣ кунад.