Даргирӣ миёни ҳайати эъзомии Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифон дар Варшава
Манобеи хабарӣ аз даргирии физикӣ миёни ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифони он дар ҳошияи нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Варшава - пойтахти Полша гузориш доданд.
Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, манобеи мухолифон муддаиянд, ҳангоми гирифтани акси ёдгорӣ миёни Сулаймон Орзуев, як фаъоли мухолиф ва мулло Айёмиддин Сатторов, узви ҳайати эъзомии Ҳукумати Тоҷикистон ва аз аъзои собиқи Ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ, яке аз кормандони бахши ҳифозати ҳайати ҳукумат бо мушту лагад ба ду тан аз мухолифон зарба задааст.
Дар ҳамин ҳол намояндагони ҳайати эъзомии ҳукумат гуфтаанд, дар он лаҳза талош барои эҷоди даргирии физикӣ миёни онон ва мухолифон дида мешуд ва мухолифон шиорҳое дар бораи озодии зиндониёни сиёсӣ, хитоб ба мулло Айёмиддин медоданд.
Пас аз ин муноқиша, полиси Полша вориди амал шуда ва баррасии ин моҷароро оғоз кардааст.
Аз сӯйи дигар, Ингиборг Солрун Гисладоттир, мудири дафтари умури ҳуқуқи башар ва демократияи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфтааст, афроди ширкаткунанда дар ин даргирӣ то поёни таҳқиқи полис аз ҳаққи ширкат дар ин нишаст маҳрум шудаанд.
Намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон ва аҳзобу гурӯҳҳои мухолифони онон дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Варшава - пойтахти Полша суханронӣ ва якдигарро мавриди интиқод қарор доданд.