Сентябр 13, 2018 12:55 Asia/Dushanbe
  • Ду сол зиндон ҷазои барафрохтани парчами ДИИШ ба боми ҳамсоя

Додгоҳи ноҳияи Вахш бародарон Қурбоналӣ ва Тоҳир Партоевҳо - ду сокини ҷамоати Тоҷикободро бо ҷурми барафрохтани парчами гуруҳи"Давлати исломӣ" дар боми корхонаи мутааллиқ ба Нусратулло Саидов – бародарзодаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ – дусолӣ ҳукми зиндон дод.

Ба иттилои Ка-Ниюз, ҳодиса моҳи феврал рух дода буд. Қурбоналӣ Партоев баъди боздошташ гуфт, ки мехост ҷияни Нуриро "подстава” кунад.

Додгоҳи ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Партоевро барои "хусумати шахсӣ" ва "бадномсозӣ" айбдор кард. Додгоҳ барои ин ҷурм ба ӯ ду соли зиндони низомаш сангин таъйин намудааст. "Бародараш Тоҳир Партоев низ барои кумак дар ин кор ду сол зиндонӣ шуд", - гуфт манбаъ. Ҳамсуҳбати мо ҷузъиёти зиёдеро аз ҷараёни мурофиа ошкор накард, вале гуфт, ин ҳукм аллакай ба иҷро даромадааст.

Мақомоти интизомӣ дар ҷамоати Тоҷикободи ноҳияи Вахш моҳи феврали имсол панҷ парчами гурӯҳи"Давлати исломӣ"-ро пайдо карданд. Баъдан дар бораи боздошт ва бозпурсӣ шудани 10 нафар хабар расид. Аз ҷумла, гуфта шуда буд, ки Нусратулло Саидов – ҷияни Саид Абдуллоҳи Нурӣ – муассиси ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ бозпурсӣ шудааст. Худи ӯ дар як навори видеоӣ эълон кард, ки барои суҳбат ба назди мақомот даъват шуд, аммо дар озодӣ аст.

Сипас мақомоти амниятӣ дар як навор гуфтанд, ки Қурбоналӣ Партоев ҳеч рабте ба ДИИШ надорад ва парчамҳо ба хотири бадном ва таҳти боздошт қарор гирифтани Нусратулло Саидов зери боми ширкаташ гузошта шудааст.

"Дар сарам омад, ки Нусратулло Саидовро "подстава" кунем ва мақомот омада ӯро биқапанд. Матоъву рангро аз бозор гирифта, парчамро сохтам. Аввал се донаашро дар бом гузоштам. Баъдан ду донаи дигарро бо истифода аз суратҳои интернет сохта, дар онҷо гузоштам", - нақл кард Қурбоналӣ Партоев дар навори мақомоти амниятӣ.