Сентябр 13, 2018 13:23 Asia/Dushanbe
  • Тайиди зимнии корманди қаблии амнияти миллии Тоҷикистон будани Маҳмадалӣ Расулов

Хабаргузории давлатии Ховари Тоҷикистон дар матлабе алайҳи таъсиси эътилофи мухолифон ва ташкили Паймони милли Тоҷикистон, ба таври зимнӣ узвият доштани Маҳмадалӣ Расуловро дар ин ниҳод дар гузашта тайид кардааст.  

Қамар Нурулҳақов, коршиноси масоили сиёсии тоҷик дар матлабе бо унвон "Таносухи имон дар тобишҳои нав” алайҳи таъсиси Паймони милли Тоҷикистон, ки дар Ховар мунташир шуда, тайид кардааст, ки Маҳмадалӣ Расулов афсари собиқи Кумитаи давлатии амнияти милли Тоҷикистон буда ва дар соли 2003 ба далели бекифоятӣ аз ин ниҳод ихроҷ шуда, аммо худро ҳамчунон корманди ин кумита нишон медиҳад ва муддаӣ аст, қасди террори Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистонро бар асоси суфориши Кумитаи давлатии амнияти миллӣ доштааст.  

Қамар Нурулҳақов бо маҳкум кардани таъсиси эътилофи Паймони милли Тоҷикистон дар хориҷ ба раёсати Муҳиддин Кабирӣ, муътақид аст, ки иддаои Маҳмадалӣ Расулови афсар дар бораи террори Кабирӣ бар асоси дархости собиқи Кумитаи давлатии амнияти милли Тоҷикистон фтанаи беасоси муҳолифони ҳукумати Тоҷикистон аст, зеро имкон надорад, ин кумита ба корманди ихроҷшудаи худ, ки акнун душмани амнияти кишвар аст, дастури террори Кабириро дода бошад.

Номи будани Маҳмадалӣ Расулов замоне расонаӣ шуд, ки вай бо интишори навори видеоии нимсоата дар шабакаҳои иҷтимоӣ муддаӣ шуд, ки корманди собиқи Кумитаи давлатии амнияти милли Тоҷикистон мебошад ва ба дастури ин ниҳод қасди террори Муҳиддин Кабириро дар Аврупо дошта, аммо дучори азоби виҷдон шуда ва ин корро анҷом надодааст.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки то интишори мақолаи Қамар Нурулҳақов, вокунише аз сӯи мақомоти Тоҷикистон дар моҷарои иддаоҳои Маҳмадалӣ Расулов мушоҳида нашудааст.