Узвияти Душанбе дар Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ
(last modified Thu, 13 Sep 2018 11:21:53 GMT )
Сентябр 13, 2018 16:21 Asia/Dushanbe
  • Узвияти Душанбе дар Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ

Шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ба Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ пайваст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дафтари матбуотии шаҳрдори шаҳри Душанбе дар гузорише эълом кард, дар нишасти ахири Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳоии туристӣ дар Чин пойтахти Тоҷикистон ба узвияти ин созмон даромад.

Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ бо ибтикори шаҳрҳои барҷастаи гардишгарии ҷаҳон, аз ҷумла Пекин, Берлин, Лос-Анҷелес ва Барселона дар сентябри соли 2012 эҷод шудааст. Мақарри ин созмон дар Пекин аст ва аз замони таъсис то ба имрӯз теъдоди аъзои он аз 58 ба 172 шаҳр афзоиш ёфтааст.

Шаҳрдори Душанбе ибрози итминон кардааст, ки узвияти пойтахти Тоҷикистон дар ин созмон имкони тавсеаи бештари зарфиятҳои гардишгарии шаҳри Душанбе, ҷазби сармоягузориҳои ҷадид ба саноати гардишгарӣ ва омӯзиши кадрҳо кумак хоҳад кард.