Баҳсҳои Кабирӣ ва Мулло Абдурраҳим дар Варшава+видео
Видеои сӯҳбатҳои раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ ва ду узви собиқи ин ҳизб, ки дар таркиби ҳайати ҳукумат ба Варшава, барои ширкат дар нишасти Созмони амният ва ҳамкории Аврупо рафтаанд, таваҷҷуҳи бисёреро ба худ ҷалб кардааст.
Ба гузориши сомонаи Ахбор, дар ин видео Муҳиддин Кабирӣ раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ бо ду узви ҳайати ҳукумати Тоҷикистон Мулло Абдурраҳим Каримов ва Мулло Аёмиддин Сатторов вориди сӯҳбат мешавад ва онҳоро ба такрор накардан иттиҳомпароканиҳо зидди мухолифон даъват мекунад.
Дар идомаи ин гуфтугӯ Мулло Аёмиддин Сатторов ором ба суҳбатҳои Кабирӣ гӯш медиҳад, Мулло Абдурраҳим бо асабоният Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро сабабгори даргириҳои гузаштаи Тоҷикистон медонад.
Дар видеоҳои мунташиршуда мушоҳида мешавад, ки Кабирӣ аз Каримов мехоҳад барои гуфтаҳояш далеле биоварад ва савганд ёд кунад, аммо ӯ ин корро намекунад.
Мулло Абдурраҳим Каримов ва Мулло Аёмиддин Сатторов дар гузашта аз мақомоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буданд.
Нишасти Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Варшаваи Полша аз рӯзи 11 сентябр оғоз шуда ва мавзӯи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, аз ҷумлаи баҳсҳои муҳими он аст.
Намояндагони давлат ва мухолифони тоҷик дар нишасти Созмон амният ва ҳамкории Аврупо дар Варшава дар чандин навбат вориди баҳсҳои лафзӣ шуда ва якдигарро ба даст доштан дар нақзи ҳуқуқи башар муттаҳам кардаанд.
Намояндагони ҳукумати Тоҷикистон мухолифонро ба тарроҳии тавтиа муттаҳам мекунанд ва дар рӯзҳои гузашта дар Варшава миёни намояндагони ҳукумат ва мухолифон занозанӣ низ ба вуҷуд омад.