Эъломи омодагии Ҳукумати Тоҷикистон барои музокира бо мухолифон
(last modified Sat, 15 Sep 2018 07:33:30 GMT )
Сентябр 15, 2018 12:33 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омодагии Ҳукумати Тоҷикистон барои музокира бо мухолифон

Намояндаи ҳайати расмии Ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Варшава гуфт, ҳукумат таҷрибаи сулҳ бо мухолифонашро дорад ва барои музокирот бо мухолифони кунунӣ омода аст.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Сайфуллоҳ Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон ва узви ҳайати расмии ҳукумати ин кишвар рӯзи 14 – уми сентябр дар нишасти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Варшаваи Полша ин суханро гуфтааст.

Вай изҳор доштааст: “Ҳукумати мо иродаи сиёсии кофӣ дорад, ки моро барои баррасии мавзуъ ба ин ҷо фиристод. Мо бояд коре кунем, ки байни мо (ҳукумат ва мухолифин) афкор, мавозеъ ва дидгоҳҳои сиёсӣ амал кунанд, на аслиҳа”.

Намояндаи ҳайати расмии Ҳукумати Тоҷикистон бо таъкид бар ин ки “мо таҷрибаи зиёди кор бо мухолифонро дорем”, гуфтааст: Мо бояд коре кунем, ки бо мухолифони худ ба тафоҳум бирасем ва ояндаи беҳтареро барои Тоҷикистон фароҳам кунем.

Сафаров бо ишора ба ин ки дар ин ҷаласа дар канори Кабирӣ нишастааст, гуфтааст, Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли ин масъала ва гуфтугӯ дар бораи он омода аст ва ин мавзӯро дар Душанбе баррасӣ хоҳад кард.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ низ дар ин нишаст гуфт, ҳамеша тарафдори музокирот аст, аммо озодии зиндониёни сиёсӣ аз зиндонҳои Тоҷикистонро шарти аввали чунин муколимае мешуморад.

 Кабирӣ афзуд, муовинони ӯ Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалии Ҳайит, ки дар Душанбе зиндониянд, дар сурати раҳоӣ метавонанд ба намояндагӣ аз ҳизб музокиротро пеш бибаранд.

Стив Свердлов, пажӯҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар созмони “Human Rights Watch” ҳузури ҳайати расмии Ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва гуфтугӯ дар бораи ҳуқуқи башар дар ин кишварро далели тағйири сиёсати Душанбе номидааст.

Вай гуфтааст, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар омодаанд дар ин масир ба ҳар ду тараф кумак ва мусоидат кунанд.