Сентябр 16, 2018 10:23 Asia/Dushanbe
  • Шартҳои душвори Сандуқи байналмилалии пул барои Тоҷикистон

Мудири Маркази пажӯҳишии Донишгоҳи равобити байналмилалии Русия мӯътақид аст, пазириши шартҳои Сандуқи байналмилалии пул аз сӯи Тоҷикистон сахт ва душвор аст.

Ба гузориши Спутник, Андрей Казантсев бо ишора ба оғози даври нави музокироти мақомоти Бонки Миллии Тоҷикистон бо ҳайати эъзомии Сандуқи байналмилалии пул дар Душанбе бо ҳадафи кумаки молӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, пазириши шартҳоро душвор хондааст.

Вай мегӯяд, Сандуқи байналмилалии пул тайи панҷ соли ахир ҳамвора барои ихтисоси вомҳои молӣ ба Тоҷикистон шартҳое матраҳ карда, ки мавриди пазириши мақомоти тоҷик набудааст.

Тоҷикистон дар ин муддат бо Сандуқи байналмилалии пул дар заминаи дарёфти 500 миллион доллар қарз аз ин ниҳоди молӣ дар ҳоли музокира аст, ки ҳанӯз ҳам ниҳоӣ нашудааст.

Ихтисоси ин маблағ ба Тоҷикистон машрут ба пазириши барномаи ислоҳоти мавриди назари Сандуқи байналмилалии пул дар низоми молӣ ва бонкии ин кишвар аст, ки ду тараф бар сари ин мавзӯъ ихтилоф доранд.

Сандуқи байналмилалии пул хостори ислоҳоти бунёдин дар низоми молӣ ва бонкӣ, додани тасҳилоти бештар ба бахши хусусӣ, коҳиши мизони молиёти дарёфтӣ ва таъмини шаффофияти амалкарди бонкҳои Тоҷикистон аст.

Ҳамчунин таъмини озодӣ муомилоти арзӣ, поин овардани мизони суди вомҳои бонкӣ ва эҷоди тавозун миёни воридот ва содироти маҳсулот дар Тоҷикистон аз дигар шартҳои Сандуқи байналмилалии пул хоҳад буд, ки мавзӯъи аслии омодагии Тоҷикистон барои пазириши ин барнома аст.

Мудири Маркази пажӯҳишии Донишгоҳи равобити байналмилалии Русия мегӯяд, аз ин рӯ ман мутмаин нестам, ки дар ҳоли ҳозир ба далели вуҷуди буҳрони иқтисодӣ дар Тоҷикистон, ин кишвар бо пазириши шартҳои Сандуқи байналмилалии пул мувофиқат кунад.